<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><hymn_number>44</hymn_number>
<lyrics>[V1]
.D        D (Fism)  Hm
  Бошад паноҳи мо Худо,
.       G          A
 Пирӯзӣ бошад Ӯ ба мо.
.          D (Fism)     Hm
 Гар ин замин ҷунбад зи ҷо,
.          Fism G  A D
 Афтанд ба баҳрҳо кӯҳҳо,
.          D      G  D
 Набвад ҳарос аз мавҷҳо,
.            A   D
 Осуда бошем доимо.
.          (Fism)    Hm
 Набвад ҳарос аз мавҷҳо
.      Fism G A7 D
 Осуда бошем доимо

[V2]
 Наҳре бувад софу равон,
 К-аз шохаҳои неки он
 Шаҳри Худо аст шодмон,
 Ҷунбиш нахоҳад хӯрд, ҳон,
 //  Зеро ки Холиқи ҷаҳон
 Сокин ҳамебошад дар он.  //

[V3]
 Онро Худо ёрӣ кунад,
 Вақте сапеда бардамад.
 Халқҳои олам аз ҳасад
 Бо ҳам намоянд ар мадад,
 //  Овозаш ояд, мешавад
 Дунё гудозон мисли сим.  //

[V4]
 Гӯяд Каломи Ӯ чунин,
 К-охир Худои ҳамабин
 Ором намояд ҷангу кин,
 Найза, камон бишкаста бин.
 //  Яздони Яъқуб аст ин,
 Андар паноҳаш шав муқим.  //</lyrics>
<title>Ба пайравии таронаи 45 дар китоби Забур Хд44</title>
<key>D</key>
<aka>Бошад паноҳи мо Худо</aka>
</song>